Беббо — ин афзораки нав аз ЮНИСЕФ буда, махсус барои кӯмак расонидан ба волидайн омода карда шудааст. Вай ба шумо маълумоти илимии асосноккардашуда ва инчунин машваратҳои фойдаовару амалиро пешниҳод мекунад, ки ҷиҳати тарбия ёрӣ расонида барои мустаҳкам намудани саломатӣ ва инкишофи кӯдакони шумо мусоидат менамояд.
Функсияи мазкур дар мавриди истифодабарӣ содда буда, барои мушоҳидаи инкишофи кӯдак, ба даст овардани нуқтаҳои муқоисавие, ки барои синну соли муайян тавсия карда шудааст мусоидат менамояд. Трекер волидайнро ҷиҳати саволҳо оиди дастгирии инкишоф тавассути бозиҳо равона мекунад.
Беббо ақидаҳои зиёд ҷиҳати ҳамкорӣ бо кӯдакон бо ёрии бозиҳо, ки ба омӯзиш ва инкишоф ҳавасманд менамояд, пешниҳод мекунад. Волидайн метавонанд бозиҳое, ки барои инкишофи тараққиёти моторика ва малакаҳои ҷамъиятию хурӯшонӣ, забонӣ, робитавӣ, ҷараёни тафаккурӣ интихоб намоянд.
Ҳамарӯза афзорак аз маҷмӯаи ғании тавсияҳо аз тарафи муиахассисҳо нависташуда бозӣ ва мақола, ки доираи васеи мавзӯҳоро дар бар мегирад пешниҳод хоҳад кард. Ҳамаи машваратҳоро дар ҷузъгири “Интихобшуда” сабт карда, имконияти баҳамбинӣ онҳоро бо дигар волидайн ваё бо дӯстон дорост.
Асбоби мазкур ба волидайн имконият ҷиҳати мушоҳидаи инкишофи қадду қомад ва вазни кӯдак медиҳад.
Қисмати тафтишоти аҳволи саломатӣ ба волидайн имконияти сабт намудани маълумотҳое, ки пас аз ташриф ба табиб, медиҳад, ва инчунин оиди аз ҷониби табиб доруҳои таъин шуда нишонаҳою хотиррасониро ба амал расонанд.
Барои волидайн варақаи эмгузаронии мусоид дастрас буда, бо кӯмаки он эмгузарониҳои кӯдакро мушоҳида карда бақайд гирифтан осон мебошад.
Дар моҳҳои наздик афзораки Беббо дар 11 давлат бо 12 забон дастрас хоҳад шуд – дар Ӯзбекистон, Албания, Беларус, Булғористон, Юнон, Косово, Қирғизистон, Македанияи Шимолӣ, Сербия ва дар Тоҷикистон.
Дар ҳар як давлат ЮНИСЕФ бо шарикон ва мутахассисон ҷиҳати инкишофи ибтидоии кӯдакон барои истифодабарии маҳаллӣ ин афзораки мобилӣ адаптатсия шуда ба талаботҳои онҳо ҷавобгӯ шуда зич ҳамкорӣ кардааст. Прототипи афзорак аз ҷониби ЮНИСЕФ дар Сербия ва шарикони маҳаллии онҳо тайёр карда шуда, ЮНИСЕФ ECARO (Офиси минтақавии ЮНИСЕФ дар давлатҳои Аврупо ва Осиёи Миёна) ҳамчун асос барои тайёр кардани афзорак қисми минтақавӣ истифода карда шудааст. Намудҳои мазкур ба шароитҳои ва забонҳои маҳаллӣ бо ҳамкорӣ байни ЮНИСЕФ ва шарикони миллӣ адаптатсия шудааст.
Ҳамаи ҳуқуқҳои муаллифӣ ба ЮНИСЕФ мутааллиқ мебошад.
Афзораки «Беббо» рамзи кушодаи ибтидоӣ дошта, намуди мобилии он таҳти суроғаи зерин дастраст аст:
https://github.com/UNICEFECAR/parenting-app-bebbo-mobile.
Афзорак дар шароитҳои GNU Affero General Public License v3 тайёр карда шуда, рамзи он CMS таҳти суроғаи зерин дастрас аст:
https://github.com/UNICEFECAR/parenting-app-bebbo-CMS.
ЮНИСЕФ соҳиби рамзи «Беббо» мебошад.
Ҳамаи контент, ки дар CMS нигоҳ дошта мешавад, инчунин кушода аст. Контенти ибтидоӣ аз ҷониби ЮНИСЕФ ECARO бо ҳамкории ЮНИСЕФ Сербия тайёр карда шудааст ваё дар доираи созишномаҳои шарикӣ бо шахсони сеюм мувофиқи созишномаҳои литсензионӣ ба даст оварда шудааст. Контент бо забони англисӣ ба ҳамаи давлатҳо барои тарҷума ва адаптатсияи минбаъда ба забонҳои маҳаллӣ пешниҳод карда мешавад.
Афзорак ягон гуна маълумотҳои шахсиро, ки метавонанд волидайнро ваё кӯдаконро идентификатсия кунанд ҷамъ намекунад ва ин гуна маълумотҳоро дар ягон гуна сервери беруна нигоҳ намедорад. Ҳамаи маълумотҳое, ки ба афзорак дохил мешаванд танҳо дар телефони мобилии шахсӣ истифдакунанда нигоҳ дошта мешаванд. Аз рӯи сиёсати махфӣ мувофиқашудаи Google и Apple (вобаста аз он ки, дар смартфони истифодабаранда чӣ гуна системаи оператсионӣ вуҷуд дорад) истифодабарандагон пурра ҷиҳати маълумотҳое, ки дар телефонҳои мобилии онҳо нигоҳ дошта мешаванд ӯҳдадор мебошанд.
На ЮНИСЕФ, на ҳар кадом шарик – сарпараст ба маълумоти шахсии истифодабаранда рухсат надоранд. Сиёсати махфияти “Беббо” дар сомонаи https://www.bebbo.app/privacy-policy дастрас мебошад ва чӣ тавр маълумотро ҷамъ менамояд, истифода мебарад ва нигоҳ медорад ва инчунин чӣ тавр ин маълумотҳо ҳимоя карда мешаванд тавсиф дода мешавад.
Бале, дар ҳоле, ки робита бо таъминкунандаҳо қатъ карда шуд COVID-19 аз волидайн қабули қарор ҷиҳати расонидани кӯмаки саривақт, босифат ва дастгириро талаб мекард. Волидайн аввалин шуда, ҷиҳати таълиму саломатӣ ва беҳбудии фарзандони худ ҷавобгар шуда. ӯҳдадориҳоро ба дӯши худ гирифтаанд. «Беббо» – ин танҳо асбобе, ки волидайнро дар саволҳои кӯдак, инкишоф ва беҳбудии фарзандони онҳо дастгирӣ хоҳад кард.
Дар 5 соли аввали ҳаёт мағзи сари кӯдак дар ҳар сония 1 миллион пайвастҳои нави нейронӣ эҷод менамояд. Давраи мазкур як маротиба дар зиндагӣ ба миён омада имконият медиҳад, ки қобилияти омӯзиш, ишкишофи кӯдак ташаккул ва ба ҳаёти кӯдак саҳми пурра гузошта шавад.
Дар аввали 5 сол майнаи сари кӯдак дар ҳар як сония 1 миллион бастаи нейрониро меофарад. Марҳилаи мазкур як бор дар ҳаёт дар кӯдак қобилияти омӯхтан, ба воя расонидан ва саҳми пурраи ҷомеа гузоштанро имконият медиҳад.
Тарбия ва муносибати ҳассоси волидайн барои инкишофи кӯдак маънии ҳалкунандаро доро мебошад. Волидайн ва парасторон дар инкишофи фарзандони худ нақшаи муҳимро мебозанд, зеро онҳо меъморони асосии муҳити атрофи кӯдак буда, барои саломатӣ, омӯзиш, ҳифз, афзоиш, инкишоф ва беҳбудии умумии онҳо (ҳассосӣ, ҷисмонӣ ва равонӣ) таҷриба ва имкониятҳо фароҳам меоранд.
«Беббо» маҷмӯи пурраи асбобҳои амалиро дар ҷайби волидон мегузорад, то онҳо тавонанд:
«Беббо»ро истифода карда волидайн ба даст ход гирифт:
Фаъолиятҳо ва бозиҳои инфиродӣ, ки соҳаҳои гуногуни муҳими инкишофро дастгирӣ мекунанд, аз ҷумла маърифат, забон, малакаҳои моторӣ, малакаҳои иҷтимоӣ ва хурӯшонӣ.
«Беббо» дорои функсиящои зерин мебошад:
Мушоҳидаи муоинаи тиббӣ
Афзораки «Беббо» ройгон аст ва дар асоси воситаҳои умумӣ, маълумотҳои илмию собитшуда ва интерактивӣ, барои фаро гирифтани ҳамаи спектри ниёзҳо дар доираи саломатӣ, инкишофи ва беҳбудии кӯдакон тайёр карда шудааст.
Системаи «Беббо» бо осонӣ тарҷума ва адаптатсияи афзоракро ба забонҳо ва шароитҳои маҳаллӣ имконият медиҳад, аз ин рӯ вай дар саросари кишварҳо барои қонеъ кардани ниёзҳои мушаххаси волидайн ва мувофиқ кардани тавсияҳо бо барномаҳои тандурустии маҳаллӣ мутобиқ карда шавад.
Мавзеъиҳои махсуси «Беббо» зеринҳоро дар бар мегирад:
Беҳбудии волидайн
Советник по вопросам развития детей младшего возраста iborisova@unicef.org