
Аммо, вазифаи волидон на ҳама вақт осон аст. Маҳз аз ҳамин сабаб мо барои шумо маслиҳатҳои муфид, андешаҳо ва далелҳоро аз коршиносони саршиноси ҷаҳон ҷамъоварӣ намудем. Инҷо барои таъмини оғози беҳтарини ҳаёт барои фарзандони шумо маълумоти марбута ва аз ҷиҳати илмӣ асоснок оварда шудааст!

Волидони нав метавонад атрофи таъмини оғози беҳтарини ҳаёт ба фарзандонашон саволҳои сершумор дошта бошанд. Ба маъмултарини онҳо директори “Маркази саломатии ҷамъиятии назди беморхонаи шоҳонаи кӯдаконаи шаҳри Мелбурн”, ки мутахассиси рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон мебошад, профессор Фрэнк Оберклайд посух мегӯяд.
Фарзандатон шуморо ҳамчун намунаи ибрат мебинад ва тарзи идораи эҳсосоти худ ва эҳсосоти фарзандатон барои некӯаҳволии равонии ҳардуи шумо аҳамият дорад. Бо якчанд маслиҳатҳои зерин шиносоӣ пайдо намоед, ки баҳри нигоҳдории солимии равонии худ ва фарзандатон муфид хоҳанд буд. Инчунин, маслиҳатҳои мазкур барои гирифтани баҳраи бештар аз вақтгузаронӣ бо фарзандонатон кӯмак мерасонанд.
© UNICEF
Аз сабаби он, ки волидон такягоҳи фарзандонашон мебошанд, мо бояд барои дастгирии онҳо ҳеҷ чизро дареғ надорем. Асбобҳои мисли «Беббо» сатҳи бовариро баланд бардошта, баҳри таъмини ғамхорӣ нисбати фарзандон малакаҳои заруриро ба волидон меомӯзонанд.
Аз ғояҳои нав барои бозиҳо дидан намоед, мақолаҳои моро мутолиа намоед ва аз мастер-классҳои хурди бахшида ба тарбияи кӯдакон, ки аз ҷониби коршиносони саршиноси соҳаи рушди барвақтии кӯдакон пешкаш мешаванд, илҳом гиред.